Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе барканор шуд
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Гела Шекиладзе, мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол аз вазифааш барканор карда шуд.
Манбаъ менависад, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хулосае омаданд, ки қарордодро бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кунад.
Ин тасмим пас аз баромади ғайриқаноатбахши мунтахаби кишвар дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», ки тими мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, гирифта шудааст.
Дар ин росто, иттилоъ дода мешавад, ки баъди баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шартномаро бо Леван Хомерики тамдид накунад.
Гуфта мешавад, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мураббиён барои кори муштаракашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно дорад.
Зикр мегардад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ ва эълон мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”