27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
10.09.2025 18:08

Корхонаҳои нави саноатӣ дар Ашт даҳҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунанд

Дар ноҳияи Ашт ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Соли рушди саноат (2022-2026) як қатор корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки даҳҳо сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Комплекси агросаноатии Ашт” корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббарорӣ ва истеҳсоли зарфҳои пластикиро фаъол намудааст.

Корхонаи зарфҳои пластикӣ, ки бо таҷҳизоти муосири чинӣ муҷаҳҳаз мебошад, дар як шабонарӯз то 2500 адад зарф истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи масъулини корхона ин зарфҳо асосан барои содироти гелос ва хушккунии зардолу истифода мешаванд ва маҳсулоти он хосияти воридотивазкунанда дорад.

“Мо кӯшиш дорем, ки талаботи бозори дохилӣ ва ҳамчунин, кишоварзонеро, ки ба содироти маҳсулоти худ машғул мебошанд, таъмин созем. Ин иқлом ба кам кардани вобастагӣ аз воридот мусоидат мекунад"”- гуфт масъули корхона.

Дар корхонаи дӯзандагӣ занон ва духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Онҳо асосан ба дӯхтани либосҳои гуногун машғул мебошанд. “Барои бисёри мо ин на фақат сарчашмаи даромад, балки имкони такмил додани ҳунару маҳорат низ мебошад”- гуфт яке аз кормандони корхона.

Корхонаи ҷӯроббарорӣ бошад, иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор ҷуфт ҷӯробро дар як шабонарӯз дорад. Ҳоло дар он 50 нафар сокини маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи намояндагони мақомоти маҳаллӣ рушди саноат дар ноҳия фақат ба таъмини шуғли аҳолӣ хидмат намекунад, балки заминаи содироти маҳсулот ва афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилиро низ фароҳам меорад. “Саноат соҳаи калидии иқтисодиёт аст ва пешрафти он мавқеи Тоҷикистонро дар бозори байнаалмилал устувор месозад”- зикр мекунад намоядаи ноҳияи Ашт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.