Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Нуробод бунёди бузургтарин пул дар Тоҷикистон оғоз шуд
Дар ноҳияи Нуробод бунёди бузургтарин пули мошингузар дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Пул 920 метр дарозӣ ва 15 метр паҳноӣ дошта, дар давоми ду соли оянда бунёд хоҳад шуд. Ин иншоот ду соҳили дарёи Сурхобро ба ҳам мепайвандад ва барои рушди иқтисодии водии Рашт аҳамияти хоса хоҳад дошт.
Ба иттилои мақомоти расмӣ пули нав на фақат ду соҳили обанбори Роғунро ба ҳам мепайвандад, балки барои истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ низ шароити мусоид фароҳам мекунад.
Масъулон мегӯянд, ки ин иқдом яке аз ташаббусҳои муҳимми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аст.
Пул дар доираи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм - Нуробод бунёд мешавад ва посухгӯ ба меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ хоҳад буд. Барои асосноккунии техникӣ ва тарҳрезии он муҳандисони тоҷик ва мутахассисони хориҷӣ ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 26-уми августи соли равон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Сарвари кишвар бо лоиҳаи бунёди пул шинос шуда буданд. Ҳамзамон бо ширкати Сарвари давлат бунёди роҳи нави Оби гарм-Нуробод оғоз ёфта буд.
Бар асоси иттилоъ, дарозии роҳи мазкур 75 километр буда, паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад. Ин роҳ пойтахтро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва барои афзоиши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла бо Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа замина фароҳам месозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”