27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз мегардад
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, нимаи дуюми моҳи сентябр дар кишвар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз мегардад.
Гуфта мешавад, ки ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза ва мукофотпулӣ сарфароз мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври сеюми озмун омӯзгоре, ки шогирдаш сазовори Шоҳҷоиза ва ё ҷойи якум мегардад, бо нишони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида мешавад.
Дар ин росто, нафаре, ки Шоҳҷоиза ба даст меорад ва ё аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар ин давр соҳиб мешавад, пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмуни мазкур аз 1-уми апрел то 10-уми май ва даври дуюм аз 10-уми июн то 5-уми июл дар кишвар доир гашта, беҳтаринҳо ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”