Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Усули нави дуздӣ. Аз ҳамёнҳои электронӣ маблағҳоро тасарруф мекард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як сокини 34-солаи пойтахт хабар дод, ки дар содир намудани якчанд ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, дар натиҷаи баррасии аризаҳои шикоятӣ, Салимов Муслимҷон, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар беморхонаи "Истиқлол" бо ҳар баҳона телефонҳои мобилии шаҳрвандонро гирифта, тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии онҳо маблағҳои гуногуни пулиро тасарруф мегардааст. Аз ҷумла, аз ҳамёни электронии Баротов Д. 15 ҳазор сомониро пинҳонӣ ба ҳамёни электронии худ интиқол дода, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар ҳоли ҳозир гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, мақомот мегӯяд, ки касе агар аз ин нафар ҷабр дидааст, тариқи рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”