Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ошӯби хунин дар Непал. Эътирозгарон бинои парлумон ва хонаи президентро оташ заданд
Тазоҳуроти фарогири рӯзи сешанбе дар Ҷумҳурии Непал ба хушунатҳои хунин кашида шуд. Эътирозгарон бинои парлумон, қароргоҳи ҳизбӣ, хонаи президент ва чанд вазоратро оташ заданд.
Сарвазири ин кишвар бо навиштани нома ба Президент ба хотири хотима ёфтани буҳрон аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ дар номаи истеъфои худ навишт, ки “бо назардошти шароити фавқулодаи ҳоким дар кишвар ва ба хотири ҳамвор намудани роҳи ҳалли сиёсӣ ва конститутсионӣ, ман тасмим гирифтам аз мақоми сарвазирӣ канор равам”.
Бар асоси иттилои расонаҳои маҳаллӣ аз замони оғози ошӯб дар Непал 19 нафар кушта ва 500 нафар захмӣ шудаанд. Шиддати эътирозҳо баъди он авҷ гирифт, ки ҳукумат чанд шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук, истаграм ва ватсапро маҳдуд кард. Бо вуҷуди ин мақомоти Непал рӯзи сешанбе ин маҳдудиятҳоро бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои телевизионии Непал навори ҳамлаи эътирозгарон ба хонаи Президентро нашр карданд. Дар навор дида мешавад, ки эътирозгарон хонаи президентро оташ мезананд.
Хабаргузории “Непал Нюз” навишт, ки эътирозгарон дар идомаи эътирози худ хонаи чанд сиёсатмадори маъруфро дар шаҳри Катманду- пойтахти ин кишвар ба оташ кашиданд. Аз ҷумла, манзили Пушка Камал Даҳал, роҳбари Ҳизби коммунисти Непал, хонаи Бритувӣ Суба Гурунг, вазири иттилоот ва фанноварӣ ва манзили Рамиш Лихак, Вазири умури дохилӣ, ки дар пайи эътирозҳо истеъфо дода буданд, ба оташ кашида шуданд.
Муовини сарвазири Непал Пракаш Силва гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз шиддат гирифтани эътирозҳо сарвазир Шарма Оли водор ба истеъфо шуд.
Мардуми норозӣ дар Непал дар пайи ифшо шудани фасоди идорӣ дар ин кишвар ба хиёбонҳо баромада, бар зидди ҳукумати Шарма Оли эътироз намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ эътирозҳо фарогир шуда, ба хушунат кашида шуд. Эътирозҳо дар ин кишвар ҳанӯз идома дорад ва ҳоло ҳукумати нав ташкил нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”