Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Роҳбарони Ҳамос аз ҳамлаи Исроил наҷот ёфтаанд
Гурӯҳи Ҳамос, ки аз ҷониби Исроил ва дигар муттаҳидонаш гурӯҳи террористӣ ном бурда мешавад, бо нашри изҳорот гуфт, ки аз ҳамлаи Исроил роҳбарони аршади ин гурӯҳ наҷот ёфтаанд.
Ин гурӯҳ дар изҳороти худ феҳристи кушташудаҳои ҳамлаи Исроилро нашр намуд, ки дар миёни онҳо фарзанди раиси дафтари сиёсии Ҳамос Халил ал-Ҳайя ва раиси дафтари ӯ зикр мешавад.
Ҳамос дар изҳороти худ ҳамлаи артиши Исроил ба нишасти ҳайати музокиракунандаро “ноком” ва “ҷинояти ҷангӣ” номида, афзудааст, ки “Талоши буздилонаи имрӯзи Исроил барои суиқасд ба ҳайати музокиракунандаи Ҳамос дар пойтахти Қатар ҷинояти нангин, таҷовузи ошкор ва нақзи фоҳиши тамоми меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ мебошад”.
Ин гурӯҳ таъкид намуд, ки ин ҳамла на фақат ба ҳайати он, балки ба ҳокимияти давлати бародар – Қатар низ таҷовуз намудааст. Қатар дар баробари Миср нақши муҳим ва бомасъулиятонаро дар равандҳои миёнҷигарӣ ва кӯшишҳо барои қатъ кардани таҷовуз, расидан ба созиш дар баробари оташбас ва мубодилаи асирон иҷро менамояд.
Ҳамос феҳристи аъзои кушташудаи ҳамлаи Исроил ба дафтари ин гурӯҳ дар Қатарро нашр кард, ки чунин аст:
Ҷиҳод Лабад (Абу Билол), мудири дафтари Халил ал-Ҳайя.
Ҳаммос ал Ҳайя (Абу Яҳё), писари Халил ал Ҳайя.
Абдулло Абдулвоҳид (Абу Халил) муҳофиз.
Муъмин Ҳассуна (Абу Умар) муҳофиз.
Аҳмад ал-Мамлук (Абу Молик), муҳофиз.
Дар ин ҳамла як низомии қатарӣ бо номи Бадр Саъд Муҳаммад ал –Ҳумайдӣ, узви амнияти дохилии Қатар кушта шудааст ва Ҳамос кушта шудани ӯро ба мақомоти қатарӣ тасаллият гуфтааст.
Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Қатар хашми кишварҳои арабиро барангехт ва аксари кишварҳои арабӣ ва ҷаҳон ин ҳамларо маҳкум намуданд. Созмони Милали Муттаҳид қарор аст дар рӯзҳои оянда дар хусуси баррасии ин масъала нишасти изтирорӣ баргузор кунад.
Ҳамос дар изҳороти худ бо ишора ба ин ки Исроил хоҳони сулҳ ва субот дар минтақа нест, гуфтааст: “Ҳадаф қарор додани ҳайати музокиракунанда, маҳз дар ҳоле, ки онҳо пешниҳодҳои охирини Доналд Трамп, Президенти Амрикоро баррасӣ менамуданд, рӯшан месозад, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ӯ ҳич нияти ба созиш расиданро надоранд ва қасдан ҳама имкониятҳоро барбод медиҳанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”