Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амири Қатар: “Ҳамлаи Исроил ҷинояткорона ва беақлона аст”
Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Давлати Қатар дар суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки Давҳа ҳама чораҳои зарурӣ барои ҳифзи амният ва истиқлоли худро меандешад.
Дар ин суҳбат Амири Қатар афзуд, кишвараш сиёсатҳои созандаро ҳамроҳ бо бародарон ва дӯстони худ идома дода, аз арзишҳои башардӯстона ва одилона ҳимоят мекунад ва бо ин васила пояҳои сулҳу амнияти байналмилалиро тақвият мебахшад.
Ӯ ҳамлаи Исроилро “ҷинояткорона ва беақлона” хонда, онро нақзи ошкори соҳибихтиёрӣ ва амнияти Қатар, ҳамчунин, поймолсозии қоида ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Амири Қатар паёмадҳои чунин иқдомҳо бар уҳдаи Исроил ва сиёсатҳои таҷовузкоронаи он хоҳад буд, ки субот ва амнияти минтақаро зери хатар мегузорад ва талошҳои коҳиши низоъ ва расидан ба роҳи ҳалли устувори дипломатиро халалдор месозад.
Шайх Тамим аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки ба уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии худ нисбат ба чунин иқдомҳои таҷовузкорона амал намояд ва масъулони онро ба ҷавобгарӣ кашад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз мавқеи одилонаи Қатар ҳимоят хоҳад кард.
Доналд Трамп дар суҳбати телефонӣ бо Амири Қатар гуфтааст, ки фақат роҳи ҳалли дипломатӣ метавонад мушкилоти бозмондаи минтақаро ҳал намояд. Ӯ талошҳои пайгиронаи Амири Қатар дар робита ба миёнаравӣ миёни Ҳамос ва Тел-Авивро арзишманд дониста, нақши Қатарро дар барқарор намудани сулҳ дар Ховари Миёна ҳаётан муҳим донист.
Президенти Амрико Қатарро шарики стратегии боэътимоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонда, аз Амири Қатар хост, ки талошҳои миёнҷигаронаи кишварашро барои анҷом додани ҷанги Ғазза идома диҳад.
Доналд Трамп ба Вазири корҳои хориҷии Амрико дастур дод, ки созишномаи ҳамкории дифоӣ миёни Вашингтон ва Давҳа ба таври комил анҷом дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”