Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷаҳон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард
Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба қароргоҳи ҳайати музокиракунандаи Ҳамос дар шаҳри Давҳа мавҷи густурдаи маҳкумиятҳоро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба бор овард.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар бо нашри изҳорот ин ҳамларо “таҷовузи ҷинояткорона ва нақзи фоҷеабори қонунҳои байналмилалӣ” унвон кард. Ба гуфтаи мақомоти Давҳа ин амалиёти низомӣ амнияту саломатии шаҳрвандон ва муҳоҷиронро таҳдид мекунад. Ҳамзамон Қатар эълон кард, ки миёнҷигарии худро миёни Исроил ва Ҳамос дар масъалаи оташбас ва мубодилаи асирон мутаваққиф мекунад.
Кувайт, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Урдун ва Миср бо нашри изҳороти ҷудогона амали Исроилро шадидан маҳкум намуданд. Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар тамоси телефонӣ бо амири Қатар гуфт, ки Риёз дар паҳлӯи Давҳа меистад. Ҳамзамон, Маҳдӣ Машот, раиси олии сиёсии Яман ҳушдор дод, ки идомаи чунин ҳамлаҳо метавонад ба кишварҳои дигар низ сироят кунад.
Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ҳамларо “буздилона” номида, Иёлоти Муттаҳидаро масъули ҳимояти ҳамлаҳои Исроил донист. Маҳмуд Аббос, раиси идораи худгардони Фаластин низ амалкарди Исроилро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ номида, хостори қатъи фаврии чунин иқдомҳо шуд.
Туркия, Умон, Алҷазоир ва Миср ҳам ҳадаф қарор гирифтани музокиракунандаҳои Ҳамосро маҳкум намуданд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия ҳамла дар ҳоле анҷом шуд, ки ҳайат машғули баррасии тарҳи оташбас буд ва ин нишон медиҳад, ки Тел-Авив ба идомаи ҷанг талош дорад.
Антонио Гуттереш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки нақзи ҳокмияти Қатар аз ҷониби Исроил қобили қабул нест. Норвегия низ ба ҳайси аввалин кишвари аврупоӣ ин амалиётро маҳкум карда, гуфт, ин иқдом “таҳдиди хатарнок бар зидди ҳуқуқи байналмилалӣ” аст.
Ҳамлааи Исроил ба Қатар, ки бо гумони ҳадаф қарор додани ҳайати Ҳамос сурат гирифт, суолҳои ҷиддӣ дар хусуси густариши ҷабҳаҳои низоъ дар Ховари Миёнаро ба бор овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”