27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
10.09.2025 08:16

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба нишасти роҳбарони Ҳамос дар Қатар

Исроил барои терор намудани роҳбарони Ҳамос ба қароргоҳи ин гурӯҳ дар шаҳри Давҳа – пойтахти Қатар ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Артиши Исроил бо нашри як изҳорот масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт, ки “нишасти роҳбарони баланпояи Ҳамос” дар маркази шаҳри Давҳа мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Манобеъ ба хабаргузории Рейтерз гуфтаанд, ки абрҳои дудии сиёҳ аз болои маҳаллаи Катара ба осмон баланд шуд. Бино ба гузоришҳои охирин ҳадди аққал 12 мушак аз ҷониби ҷангандаҳои исроилӣ ба самти қароргоҳи Ҳамос дар Қатар партоб шудааст.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира бо истинод ба сарчашмаҳои наздик ба Ҳамос тасдиқ намуд, ки мақсади ҳамла нишасти ҳайати музокиракунандаи Ҳамос будааст, ки дар он пешниҳодҳои ахири Президенти Амрико Доналд Трамп дар хусуси оташбаси Ғаззаро баррасӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, роҳбарони калидии Ҳамос, аз ҷумла доктор Халил  ал-Ҳайя аз сӯиқасди Исроил наҷот ёфтаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ дар кишварҳои арабӣ аз кушта шудани фарзанди Халил ал-Ҳайя ва мудири дафтари ӯ хабар медиҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қатар бо нашри як изҳорот шадидан ин ҳамларо “таҷовузи ҷинояткорона ва нақзи рӯшани ҳуқуқи байналмилалӣ” номида, гуфт, ки бо чунин “рафтори бидуни андеша ва душманонаи Исроил” созиш нахоҳанд кард. Ба дунболи ин, Давҳа гуфт, ки дигар миёни Исроил ва Ҳамос миёнҷигарӣ намекунад.

Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Амрико қабл аз ҳамлаи Исроил ба Қатар аз ин иқдом огоҳ будааст. Дафтари сарвазири Исроил таъкид намуд, ки ҳамла пурра мустақиона ва бо масъулияти худи Исроил анҷом ёфтааст.

Гурӯҳи Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ бо нашри баёния ҳамларо “буздилона ва мухолифи арзишҳои башарӣ” номид ва ҳушдор дод, ки ин иқдом фақат ба идомаи хунрезӣ дар Ғазза мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.