Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Ҳинду Русия ба Чин наздик шудаанд”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пасманзари мулоқоти роҳбарони Чину Русия ва Ҳинд дар Пекин гуфт, ки Ҳинду Русия ба Чин “вогузор” шудаанд. Ӯ бо ин вокуниши худ нохушнудии худро нисбат ба Деҳливу Маскав баён кард.
“Ба назар мерасад, ки Ҳинду Русияро ба Чин супоридаем. Умедворам, ки онҳо дар паҳлӯи якдигар ояндаи дароз ва шукуфон дошта бошанд”- зикр кард Доналд Трамп.
Ӯ дар саҳифаи иҷтиомияш бо навиштани ин ҷумлаҳо акси роҳбарони Чину Ҳинд ва Русияро нашр намуда, вокуниши манфӣ нишон дод. Чанде баъд аз нашри вокуниш дар шабаҳои иҷтимоӣ Доналд Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки чунин фикр намекунад, ки Амрико Ҳиндро ба Чин супорида бошад. Ӯ афзуд: “Ман гумон намекунам, ки чунин ҳодиса рӯй дода бошад. Аз он ки Ҳинд миқдори зиёди нафтро аз Русия мехарад, сахт ноумед шудам ва ин масъаларо ба онҳо гуфтаам”.
Ба гузориши Рейтерз Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд дар посух ба паёми Доналд Трамп ба хабарнигорон дар Деҳлӣ гуфт, ки дар ин хусус назаре надорад. Вазорати корҳои хориҷии Чин ва намояндагони Кремл низ вокунише нишон надодаанд.
Си Ҷинпин дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин беш аз 20 роҳбари кишварҳои ғайриғарбиро, аз ҷумла Владимир Путин, Президенти Русия ва Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндро мизбонӣ кард. Дар ин нишаст Путин ва Моди даст ба даст ба сӯи Си Ҷинпин ҳаракат намуда, сипас се роҳбар дар канори якдигар истоданд.
Президенти Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки “Ман ҳамеша бо Моди дӯст хоҳам монд. Ӯ сарвазири олӣ аст. Мо ҳамеша дӯст хоҳем буд, вале коре, ки ӯ ҳоло мекунад, писанди ман нест. Бо вуҷуди ин, Ҳинд ва Амрико муносибатҳои хос доранд ва ҷойи нигаронӣ нест: фақат баъзан ихтилофи назар дорем”.
Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди дар як паёми худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Мо аз эҳсосоти нек ва арзёбии созандаи Президент Трамп дар хусуси робитаҳои дуҷониба амиқан сипосгузорем ва ба он посух мегӯем”. Ӯ илова кард, ки Ҳинду Амрико “шарикони комилан стратегии ҷаҳонӣ ва оянданигор” мебошанд.
Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз муносибатҳои Ҳинд ва Амрико дар моҳҳои ахир бо сабаби танишҳои тиҷоратӣ ва дигар ихтилофҳо таҳти фишор қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди нохушнудӣ аз Путин, Трамп аз наздик шудани Русия ва Чин изҳори нигаронӣ намекунад.
Трамп аз ин ки Русия ва Украинаро натавонист ба сулҳ водор кунад, изҳори ноумедӣ намуд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ният дорад ба зудӣ бо Путин гуфтугӯ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”