Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин ва Си Ҷинпин: “Инсонҳо метавонанд то 150 сол умр кунанд”
Владимир Путин, Президенти Русия ва Си Ҷинпин, Президенти Чин дар ҳошияи як нишаст дар шаҳри Пекин дар гуфтугӯи ғайрирасмие, ки ба воситаи микрафони озод сабт шудааст, дар бораи эҳтимоли марг ва дарозумрии инсонҳо сухан гуфтанд.
Ба гузориши расонаҳо рӯзи шанбе, 6-уми сентябр ду президент дар ҷараёни суҳбатҳои худ ба пешрафтҳои тиббӣ ва биотехнологӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки метавонанд умри инсонро то 150 сол дароз кунанд ва ҳатто имкони “ҷовид” буданро ба миён оваранд.
Путин дар ин гуфтугӯ гуфтааст, бо рушди биотехнология имкон дорад, ки узвҳои бадани инсон пайваста иваз шаванд ва бо гузашти вақт одамон ҷавонтар гарданд.
Си Ҷинпин низ илова кардааст, пешгӯиҳо вуҷуд доранд, ки дар ҳамин аср инсонҳо метавонанд то 150 сол зиндагӣ кунанд.
Бо вуҷуди ин, мутахассисони илмҳои биологӣ чунин иддаоҳоро “дур аз воқеият” хонда, таъкид намудаанд, ки ҳич далели илмие дар хусуси имкони намурдан ва абадумрии инсон вуҷуд надорад.
Солҳои ахир, сармоягузориҳои бузурге дар соҳаи таҳқиқи вобаста ба дарозумрӣ ва мубориза бо пиршавӣ анҷом дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”