Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бастани бандарҳову осмонҳо. Дуэли 9, 5 миллиарддоларии Эрдуғон бо Нетаняҳу
Як сол баъд аз оғози ҷанги Ғазза муносибатҳои Туркия ва Исроил аз сатҳи танишҳои сиёсӣ ба ҷанги иқтисодӣ ва дипломатии ошкоро расид. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Ҷумҳурии Туркия бо қатъи тиҷорати 9, 5 миллиарддолларӣ ва бастани бандарҳо ва осмони кишвараш ба рӯи Исроил паёми рӯшан фиристод. Анқара омода аст, ҳама абзорҳои фишорро ба кор барад.
Таҳлили ахири муассисаи “Pew Research Center” нишон медиҳад, ки 93 фоизи мардуми Туркия нисбат ба Исроил назарҳои манфӣ доранд, ки баландтарин нишондиҳанда дар миёни даҳ кишвари мухолифи Тел-Авив аст.
Дар моҳи октябри соли 2023, бо оғоз шудани амалиёти низомии Исроил дар Ғазза Эрдуғон ибтидо ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват кард. Вале бо шиддат гирифтани ҳамлаҳои Исроил, ӯ ин амалро “қатли омм” номид ва Ҳамосро “гурӯҳи озодихоҳ” хонд.
Туркия зуд ба сатҳи иқдомҳои амалӣ гузашт: аз даъвоҳои ҳуқуқӣ дар Гаага то маҳдуд намудани содироти беш аз ҳазор маҳсулоти сохтмонӣ ба Исроил. Дар моҳи майи соли 2024 Анқара робитаҳои тиҷоратиро комилан қатъ кард. Ин яке аз зарбаҳои асосӣ ба иқтисодиёти Исроил аст, зеро то ба имрӯз Туркия яке аз панҷ кишвари таъминкунандаи манобеи тиҷоратии Исроил ба шумор мерафт.
Дар моҳи август Туркия бо як қадами дигар бандарҳои худро ба рӯи киштиҳои Исроил баст ва аз ширкатҳои киштронӣ хост, ки дар вақти ворид шудан ба бандарҳои Туркия тасдиқ намоянд, ки бо Исроил робита надоранд. Ин иқдом роҳҳои муҳимми интиқоли бор ба Урдун ва маъмурияти Фаластинро низ масдуд кард.
Ҳамзамон, Анқара эълон намуд, ки осмони Туркия ба рӯи ҳавопаймоҳои давлати Исроил баста мешавад. Ҳарчанд маҳдудият асосан ба парвозҳои расмӣ рабт дошт, он нишондиҳандаи рӯшани омодагии Анқара барои истифодаи фишори бештар арзёбӣ мешавад.
Ин иқдом фақат муносибатҳои дуҷонибаро халалдор накард, балки ба бозори дохилии Исроил низ таъсири мустақим гузошт. То соли 2023 Туркия манбаи асосии семент, гаҷ, оҳан ва ғайра барои иқтисоди Исроил буд. Баста шудани ин роҳҳо боиси боло рафтани нархҳо ва ташвиши тоҷирон шудааст.
Ҳамзамон, ширкатҳои туркӣ аз ҳамкорӣ бо шарикони исроилӣ худдорӣ мекунанд. Ба гузориши сарчашмаҳои исроилӣ дар намоишгоҳи байналмилалии электронии ИФА дар Берлин ҳич як корхонаи туркӣ омода набуд, бо намояндагони Исроил музокирот кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон сиёсатҳои шадиди Эрдуғон на фақат ба сабаби буҳрони башардӯстона дар Ғазза, балки аз фишори дохилӣ низ маншаъ мегирад. Афкори умумии Туркия, ки қариб ба таври комил зидди Исроил мебошад, аз сиёсатҳои зиддиисроилии ҳукумати Туркия ҳимоят мекунанд.
Парлумони Туркия ҳатто лоиҳаи қонунеро тасвиб намуд, ки аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ хостори қатъ намудани узвияти Исроил шуд.
Туркия ҳарчанд то ҳол аз дахолати мустақими низомӣ ба Ғазза худдорӣ кардааст, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки даргириҳо ҳамзамон дар Сурия ва рақобати мустақим бо Исроил метавонанд ба марҳилаи хатарнок ворид шаванд.
Бо мурури як сол дуэл миёни Эрдуғон ва Бенямин Нетаняҳу дигар фақат як баҳси сиёсӣ нест. Он ба як рақобати иқтисодӣ ва геополитикӣ табдил ёфтааст, ки метавонад тартиботи минтақаро боз ҳам бесубот намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”