27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
08.09.2025 08:48

Ӯзбекистон барои бастани созишномаи нав бо Аврупо омода мешавад

24-уми октябри соли равон дар пойтахти Белгия интизор меравад, ки Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкориро ба имзо расонанд. Ин созишнома қадами калидӣ дар ҷиҳати таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодии Тошканд бо Аврупо ба шумор меравад.

Ишора ба ин имзогузорӣ дар паёми Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо дод, ки ба муносибати 34 –солагии Истиқлолияти ин кишвар фиристода шуд.

Ин созишнома ҷойгузини санаде мешавад, ки дар охири солҳои 1990 қабул шуда буд ва ҳамкориҳоро асосан ба савдо, сармоягузорӣ ва робитаҳои башардӯстона маҳдуд мекард. Музокироти нави густаришёфтаи Тошканд бо Брюссел беш аз се сол тӯл кашид ва дар моҳи июни соли 2022 матни он пазируфта шуд.

Дар пайи санҷиши ҳуқуқӣ ва тарҷума бо ҳамаи забонҳои кишварҳои узви иттиҳод Шавкат Мирзиёев моҳи ноябри соли 2024 бо раиси вақти Шурои Аврупо Шарл Мишел барои суръат бахшидан ба раванди тасвиби созишнома гуфтугӯ кард.

Дар масъалаи бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо Ӯзбекистон танҳо нест. Қазоқистон чунин созишномаро соли 2015 ба имзо расонда, дар соли 2020 ба ҳолати иҷро даровард. Қирғизистон чор сол баъд ба он пайваст. Дар моҳи апрели соли 2025 Самарқанд мизбони аввалин нишасти Иттиҳоди Аврупо бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки дар он изҳороти расмӣ аз нияти Тошканд барои анҷоми созиш дар ҳамин сол ҳимоят мекард. Тоҷикистон ният дорад созиши монандро дар соли 2026 имзо кунад. Ин дар ҳолест, ки Туркманистон ба як созишномаи муваққатии тиҷоратӣ басанда мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгар Аркадий Дубнов ин тамоюл нишон медиҳад, ки кишварҳои минтақа сиёсати “бисёрсамтӣ” –ро пайгирӣ мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки Русия ва Чин ба чунин наздикшавии пойтахтҳои Осиёи Марказӣ бо Брюссел эътироз накардаанд.

Станислав Притчин, коршиноси Институти улуми ҷаҳонии Русия ба ин назар аст, ки Иттиҳоди Аврупо мехоҳад нуфузи худро ба воситаи “экспансияи стандартҳо ва сертификатҳо” таҳким бахшад. Бо вуҷуди аҳамияти физояндаи Аврупо шарикони асосии тиҷорати Ӯзбекистон ҳамоно Русия ва Чин боқӣ мемонанд.

Омори Комиссияи Аврупо нишон медиҳад, ки соли 2024 тақрибан чоряки савдои умумии хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи Иттиҳоди Аврупо рост меомад. Содироти асосӣ ба бозори аврупоӣ нафт, газ, металл ва нахи пахта, дар ҳоле сурат мегирад, ки воридот аз Аврупо бештар аз техникаи мошинсозӣ, нақлиёт, маҳсулоти саноатиро дар бар мегирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.