27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
06.09.2025 16:01

Замзамаи дубораи ҷанг. Мақомоти эронӣ мегӯянд эҳтимоли ҷанг бо Исроил “хеле боло” аст

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки эҳтимоли дубора сар задани ҷанг бо Исроил “хеле боло” аст ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар нисбат ба Ҷанги 12-рӯза аз тавони дифоии зиёде бархӯрдор шудааст.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” аз қавли як мақомоти эронӣ навишт, ки Эрон барои як ҷанги дигар омодагӣ мебинад. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҷанги нав миёни Эрон ва Исроил метавонад талафоти зиёд дар миёни ғайринизомиён ва инфрасохтори ғайринизомӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.

Қаблан расонаи “Форн полисӣ” бо нақши як мақола дурнамои сиёсати пуртаниши Исроил ва Эронро баррасӣ карда, афзуда буд, ки ҷанги нави миёни Эрон ва Исроил бисёр хунинтар аз ҷанги аввал хоҳад буд.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” навишт, ки дар сурати оғоз шудани ҷанги дубора миёни Эрон ва Исроил ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бархе кишварҳои минтақа дар хатари ҳамлаҳои мушакӣ қарор гиранд. Ин ҷанг ба эҳтимоли зиёд пойи Амрикоро ҳам ба худ бикашад.

Бархе таҳлилгарон ҷанги дубораи Эрон бо Исроилро ҷанги вуҷудӣ номида, таъкид кардаанд, ки агар ҷанг оғоз шавад, ин бор Эрон аз мушакҳои қавитар истифода хоҳад кард. Бархе расонаҳои ғарбӣ навиштаанд, ки эҳтимолан дар тирамоҳи соли ҷорӣ ҷанги шадид миёни Эрон ва Исроил оғоз хоҳад шуд. Ба навиштаи ин расонаҳо, ин бор Эрон аз мушакҳои вайронгари “Хуррамшаҳр 1”, “Хуррамшаҳр 5” ва мушаки “Растохез” истифода хоҳад кард.

Раиси парлумони Эрон Муҳаммад Қолибоф дар изҳори назари тозае гуфт, ки эҳтимоли ин ки дубора ҷанг шавад, хеле боло аст ва ҳама бояд барои он омода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Чин хоҳони бо роҳи дипломатӣ ҳал шудани масъалаи Барномаи атомии Эрон ва пешгирӣ аз оғози як ҷанги вайронгари дигар ҳастанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дигар мисли собиқ ба дунболи музокироти атомӣ бо Эрон нест. Бо вуҷуди ин ки ду ҷониб аз нияти худ барои азсаргирии музокирот ҳарф мезананд, ҳоло қадамҳои ҷиддӣ дар ин робита бардошта нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.