Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бонки миллии Қазоқистон пулҳои коғазии нав ба муомилот мебарорад
Бонки миллии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки дар семоҳаи чоруми соли 2025 купюраи нави 500 тангаиро ба муомилот барорад. Ҳамчунин, дар соли 2026 интизор меравад, ки купюраи 20 000 тангаи нав низ ба истифода бароварда шавад. Дар ин хусус расонаҳои расмии Қазоқистон хабар додаанд.
Бонки миллии Қазоқистон ҳанӯз дар соли 2024 лоиҳаи иваз карани тамоми пулҳои коғазӣ аз 500 то 20 000 тангаро пешниҳод намуда буд.
Дизайни купюраҳои нав бар асоси унсурҳои “усули сақсӣ” таҳия шудааст. Ин услуб, ки решаҳои орнаментии миллии қазоқиро дар худ ҷой додааст, мероси таърихии кишварро, аз фарҳанги нодири кӯчманчиён то Қазоқистони муосирро бозтоб медиҳад.
Қаблан дар соли 2023 нахустин купюраҳои 5000 тангаии силсилаи нав ба муомилот бароварда шуда буданд. Сипас, моҳи июни соли 2024 купюраҳои 10 000 тангаӣ, дар охири ҳамон сол – 2000 танга ва аз 28-уми марти соли 2025 купюраи нави 1000 танга низ нашр шуд. Ин охирин купюра аст, ки дар нимаи дуюми соли 2025 ба муомилоти умумӣ ворид хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”