Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қирғизистон мехоҳад қӯҳнавардиро пулакӣ кунад
Парламенти Ҷумҳурии Қирғизистон лоиҳаи қонуни навро омода кардааст, ки бар асоси он аз кӯҳнавардоне, ки нияти фатҳи қуллаҳои беш аз 600 метрро доранд, маблағи иловагӣ ситонида мешавад.
Мувофиқи ин санад, ҳама кӯҳнавардон бояд барои баромадан ба чунин қуллаҳо иҷозатнома гиранд. Андозаи пардохт, рӯйхати минтақаҳои кӯҳӣ ва тартиби додани иҷозатномаро Ҳукумат муайян мекунад.
Лоиҳа ҳамчунин, суғуртаи ҳатмии ширкаткунандагони экспедитсияҳо, сахтар шудани ҷавобгарӣ барои нақзи қоидаҳо ва тадбирҳои амниятиро пешбинӣ мекунад. Дар қисмати дигар талаботи экологӣ таъйин шудаанд. Кӯҳнавардон вазифадор мебошанд, ки партовҳоро дар халта ва контейнери махсус ҷамъоварӣ намуда, барои коркарди минбаъдаи он, ба поён биёранд.
Муаллифи ташаббус вакил Эмил Токтошев гуфт, ки қонун на фақат фаъолияти роҳбаладон, мураббиён ва клубҳои алпинистиро танзим мекунад, балки ба рушди инфрасохтор ва густариши ҳамкориҳои байналмилӣ дар соҳаи кӯҳнавардӣ равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, муҳим аст, ки барои таъмини амнияти роҳҳои баландкӯҳ муносибати низомӣ роҳандозӣ гардад.
Лоиҳа дар пасманзари марги фоҷеабори кӯҳнаварди рус Наталя Наговитсина таҳия шудааст. Ӯ дар вақти кӯшиши фатҳи қуллаи Победа пояшро шикаста, дигар натавонист ба поён баргардад. Бо вуҷуди кӯшишу талоши наҷотбахшон, аз ҷумла ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва истифодаи чархбол, ҷони занро наҷот дода натавонистанд.
Ин ҳодиса баҳси густурдаеро дар бораи амнияти кӯҳнавардӣ, ташкили амалиёти наҷот ва зарурати такмили стандартҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба миён овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”