Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷазо ислоҳ накард! Фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро боз 12 шабонарӯз ҳабс карданд
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Давлатова Фирӯзамоҳ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои дар пахши мустақими шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ муошират кардан дастгир гардида, 12 шабонарӯз ҳасб шудааст.
“Гарчанде қаблан нисбати Давлатова Фирӯзамоҳ, сокини 41-солаи ш.Душанбе, барои бадгуфторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин маротиба чораҳои қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ӯ ислоҳшуданӣ нест”, - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ низ Давлатова Фирӯзамоҳ кирдори номатлуби худро идома дода, пайваста зимни пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ муошират намуда, вокунишҳои зиёди шаҳрвандонро ба миён овардааст.
Ин навбат ҳам Бо қарори Суд нисбати ба Давлатова Фирӯзамоҳ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”