27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
06.09.2025 13:30

Шумораи ҳодисаҳои нохуш дар корҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфтааст

“Дар шаш моҳи аввали соли 2025 60 ҳолати ҳодисаҳои нохуш дар сатҳи кишвар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 34 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 26 нафар фавтидаанд, ки ин шумора ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст” - гуфт Маҳмадзода Сафаралӣ, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.

Ӯ илова кард, ки ҳодисаҳои нохуш ҳангоми корҳои истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон 8 ҳолат, аз ин 5 нафар ҷароҳат 3 нафар фавт, дар вилояти Суғд 18 ҳолат, аз ин 12 нафар ҷароҳат 6 нафар фавт, дар шаҳри Душанбе 15 ҳолат, 9 нафар ҷароҳат 6 нафар фавт, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4 ҳолат, як нафар ҷароҳат 3 нафар фавт ва дар шаҳри Ваҳдат 10 ҳолат, 5 нафар ҷароҳат ва 5 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст.

“Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ ҳамеша дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд ва ҳамзамон дар доираи талаботи моддаи 349-и Кодекси меҳнат дар бораи Баҳисобгирӣ ва санҷишӣ ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад” - гуфт Маҳмадзода Сафаралӣ, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Тибқи оморӣ расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаш моҳи аввали соли 2025 36 294 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.