Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз 28 сомонӣ сари кас. Нархномаи хизматрасонии оби нӯшокӣ гарон шуд
Беш аз 28 сомонӣ сари кас. Нархномаи хизматрасонии оби нӯшокӣ гарон шуд
Корхонаи вохиди давлатии "Обу корези Душанбе" хабар медиҳад, ки дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе, аз 1-уми сентябри соли равон нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт гарон мешавад.
Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз сентябр арзиши хизматрасонӣ барои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов чунин муқаррар гардидааст:
Бо ҳисобкунак:
- аҳолӣ: 2,60 сомонӣ барои 1 м³;
- ташкилотҳои буҷетӣ: 3,59 сомонӣ барои 1 м³;
- ташкилотҳои тиҷоратӣ: 9,10 сомонӣ барои 1 м³;
Тартиби пардохт барои муштариёне, ки бо ҳисобкунаки обӣ насб нашудаанд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №234 чунин муқаррар шудааст (сарикасӣ дар як моҳ барои 1 нафар):
- биноҳои баландошёна — 28,07 сомонӣ;
- ҳавлиҳои хусусии бо об ва канализатсия таъминбуда — 23,39 сомонӣ;
- хонаҳое, ки аз калонка ё ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд — 7,41 сомонӣ.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”