Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
300 кас дар ду рӯз. Аъзои Китобхонаи миллӣ меафзояд
Бинобар иттилои бахши бақайдгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, давоми ду рӯз зиёда аз 300 кас узви китобхона шуда, соҳиби корти истифодабарӣ гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки аъзои нави Китобхонаи миллӣ донишҷӯён, хонандагон, кормандони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки афзудани шумораи хонандагони Китобхонаи миллӣ ба роҳандозии Рӯзи дарҳои боз рабт дорад, зеро мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ аст.
“Меҳмонон дар Рӯзи дарҳои боз аз тамоми толорҳо ва шуъбаҳои хизматрасонӣ, осорхонаи китобҳои нодир ва китобҳои замони истиқлол дидан карда, сипас, аксари онҳо тасмим гирифтанд, ки аъзои китобхона гарданд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4-ум ва 5-уми сентябр Рӯзҳои дарҳои боз шуда гузашт, ки беш аз 2500 кас аз китобхона дидан карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”