Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Душанбе ҷаласаи Котиботи Осиёи Марказӣ + Амрико баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Котиботи Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Ин нишаст, ки бо ширкати намояндагони баландпояи кишварҳои минтақа ва Котиботи давлатии Амрико доир гардид, нишонаи идомаи талошҳои Вашингтон барои мустаҳкам кардани иртиботи худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳадафи мулоқоти мазкур на танҳо баррасии 10 – солагии таъсиси муколама дар қолаби С5+1, балки рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва геостратегӣ мебошад. Ба гуфтаи дипломатҳои минтақа Вашингтон талош мекунад ба воситаи форуми С5+1 роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва саноати кӯҳиро пайдо намояд. Ин масъала ба рақобати шадиди Чину Русия, ки дар солҳои охир нуфузи худро дар минтақа рушд медиҳанд, пайванди мустақим дорад.
Ба навиштаи бархе расонаҳои маҳаллӣ дар ҷаласа ширкаткунандагон зарурати тақвияти дипломатияи иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии кории котибот ва ташкили мунтазами нишастҳои вазирони корҳои хориҷиро баррасӣ карданд. Бо таваҷҷуҳ ба тағйироти муҳимми геополитикӣ, махсусан дар Афғонистон ва густариши ҳузури Чин дар бахши инфрасохтори минтақа Амрико талош мекунад, ки ҳамкориҳои худ бо панҷ кишвари Осиёи Марказиро густариш диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”