27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
05.09.2025 09:23

Ӯзбекистон барои таҳқири таксист ба Маскав нотаи эътирозӣ фиристод

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нотаи расмӣ ирсол намудааст. Ин иқдом дар пайи нашри наворест, ки дар он як шаҳрванди Русия дар шаҳри Химки таксисти ӯзбекистониро бо суханони таҳқиромез ва дашномҳои қабеҳ озор медиҳад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов нота бо талаби мушаххас кардани шахсияти марди таҳқиршуда ва андешидани чораҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ӯ фиристода шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки мақомоти Тошканд пайваста расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро назорат мекунанд ва дар ҳолати ошкор шудани чунин ҳолатҳо бо мақомоти марбутаи кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд.

“Ҳоло тафтиши ҳодисае идома дорад, ки дар моҳи август вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Дар робита ба он ба Вазоарти корҳои хориҷии Русия нотаи расмӣ фиристода шуд”- зикр кард Аҳрор Бурҳонов. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Ӯзбекистон навобаста аз макони зист таҳти ҳимояи давлати худ қарор доранд.

Видеои ин низоъро рӯзи 27-уми август канали телеграми “РТР на русском” нашр кард. Дар навор марде дида мешавад, ки бо овози баланд ба таксисти ӯзбек дашном медиҳад ва ӯро “ғуломи русҳо” мехонад. Таксист, бо вуҷуди таҳқирҳо кӯшиш мекунад, оромиро ҳифз кунад, аз ронанда даъват кунад, суханҳои ноҷоро қатъ кунад.

Бар асоси иттилои шоҳидон муноқиша баар сари он сар зад, ки таксист дар даромадгоҳи ҳавлие истода буд ва ба мошини партовкаш роҳ намедод.

Шоми ҳамон рӯз 27-уми август дар канали расмии Аҳрор Бурҳонов ёдорварӣ шуд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ҳар куҷое бошанд ҳам таҳти ҳимояи давлати худ қарор доранд ва дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳояшон бояд ба намояндагиҳои дипломатии кишвар муроҷиат кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.