Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Падарандаре барои бадрафторӣ бо ноболиғдухтараш ҳабс шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти марде хабар дод, ки нисбат ба духтарандараш бадрафторӣ кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ноболиғдухтаре аз бадрафторӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии падарандараш шикоят мекунад. Дар натиҷаи таҳқиқи навор муайян карда шуд, ки ноболиғи дар навор инъикосгардида хонандаи синфи 5-и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мекашад.
Ҳамчун гумонбар шаҳрванд Ғайратов Сангалӣ Исматуллоевич соли таваллудаш 11.05.1998 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, ҷамоати Даштигуло, деҳаи Файзобод дастгир гардидааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки дар хонаи дастгиршуда ва модари ноболиғи азиятдида фазои носолими хонаводагӣ, номуросоӣ, хушунату бадрафторӣ дар муносибатҳои оиладорӣ ҳукмрон будааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”