Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иштироки Президенти Тоҷикистон дар гузашти низомӣ дар Чин
3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро дар маҳалли баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд. Қабл аз иштирок дар гузашти бошукуҳи низомӣ маросими аксбардории хотиравии сарони давлатҳо баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 26 давлат ширкат варзиданд. Дар тамошогоҳи маҳалли баргузории чорабинӣ як гурӯҳ қаҳрамонону собиқадорони ҷанг низ дар мақоми ифтихорӣ қарор доштанд.
Дар расми пуршукуҳи низомӣ, ки ба таври камназир ва бесобиқа омода шуда буд, ҷузъу томҳои қувваҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин, инчунин шумораи зиёди техникаи муосири ҳарбӣ аз воҳидҳои мухталифи артиши ин кишвар иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



