Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хабарҳои хориҷ кардани Эрон аз узвияти Шанхай беасос аст
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ баъди бозгашт аз сафари Чин гуфт, ки хабарҳои хориҷ кардани Эрон аз узвияти Созмони ҳамкории Шанхай асос надорад. Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳои узв аз Эрон ҳимоят мекунанд ва дар нишасти ахир дар бораи хориҷ кардани Эрон аз узвияти ин созмон баҳс нашудааст.
Сайид Аббос Ироқчӣ ҷузъиёти дидор ва мулоқоти Масъуд Пизишкиён бо роҳбарони баъзе аз кишварҳоро шарҳ дода гуфт, ки дар мулоқоти Президенти Эрон бо Владимир Путин масъалаҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дар айни ҳол, Сайид Аббос Ироқчӣ дар бораи баҳсҳои мулоқоти хеле кӯтоҳи Президенти Эрон бо Си Ҷинпин гуфт, ки чунин мулоқотҳо дар нишастҳое, ки сарони кишварҳои зиёд ҳузур доранд, як “амри табиӣ” аст.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси муқобила бо иқдомҳои се кишвари аврупоӣ роҷеъ ба фаъолсозии механизми моша ишора карда, афзуд, ки намояндагиҳои Эрон дар Ню-Йорк дар ҳамоҳангӣ бо Русия ва Чин иқдомҳои ҷадидро роҳандозӣ кардаанд. Аббос Ироқчӣ аз пешниҳоди як тарҳи қатънома ба Шурои амният аз ҷониби Маскав ва Пекин хабар дода гуфт, ки Теҳрон бо ҳар роҳ талош мекунад, ин иқдомро “ғайриқонунӣ ва беэътибор” нишон диҳад.
Сайид Аббос Ироқӣ дар бораи ҳузур наёфтани Масъуд Пизишкиён дар маросими аксгирии зиёфати ғайрирасмии сарони кишварҳо гуфт: “Эрон мутобиқ бо қонун, фарҳанг ва арзишҳои шариати исломӣ протоколҳои вижаи худро барои ширкат дар чунин зиёфатҳо дорад. Аккосӣ аз зиёфати расмӣ набуд ва акси асосии нишаст рӯзи баъд, қабл аз иҷлосия гирифта шуд”.
Ин мақоми эронӣ сафари Масъуд Пизишкиён ба Чинро як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои Теҳрон ва Пекин унвон намуда, онро ҳамзамон як паёми возеҳ ба мухолифони байналмилалии Эрон донист.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”