Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қазоқистон як гурӯҳи калони қаллобони бонкиро боздошт намуданд
Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон тафтиши парвандаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки иборат аз 25 нафаранд, ба анҷом расид. Ба он кормандони «Forte Bank», «Евразийский банк» ва «Jusan bank» шомил будаанд.
Бар асоси иттилои расонаҳои қазоқистонӣ ин афрод беш аз панҷ сол шиносномаи шаҳрвандони камбизоатро рабуда, ба номи онҳо қарзҳои бузург гирифтаанд. Прокуратураи ин вилоят хабар дод, ки қурбониёни ин ҷиноят 348 нафар буда, зарари умумӣ 6, 8 миллион доллар аст.
Дар ҷараёни тафтиш амволе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омада буд, мусодира гардид. Хона ва қитъаҳои замин дар Алмаато, мошинҳои гаронбаҳо ва маблағҳои бузурги нақдӣ мусодира шуданд. Арзиши умумии амволи мусодирашуда 5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тафтиши ин парванда пас аз шикояти сокинони ноҳияи Зерендин оғоз гардид. Бознишастагон ва камбизоатон хабар доданд, ки касоне аз номи онҳо қарз гирифтаанд ва худашон хабар надоранд. Пас аз санҷише, ки аз ҷониби прокурори ноҳия моҳи ноябри соли 2024 анҷом дода шуд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Он вақт шумораи зарардидагон тақрибан 400 нафар арзёбӣ мешуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”