27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
04.09.2025 09:07

Таҳаввулоти рақамӣ: Ояндаи 5G дар Тоҷикистон аз дидгоҳи роҳбари “Мегафон”

Тоҷикистон дар остонаи таҳаввулоти рақамӣ қарор дорад. Ширкатҳои алоқа, ки имрӯз пояҳои асосии иқтисоди рақамиро мегузоранд, нақши калидӣ дар ин раванд доранд. Дар суҳбати муфассал бо хабарнигори “Ховар” Анатолий Изюмников, директори генералии “Мегафон Тоҷикистон дар бораи дурнамои рақамӣ ва ҳам мушкилоте, ки ин роҳро душвор месозанд, изҳори назар намуд.

Ба гуфтаи ӯ, то чанд соли оянда қисми зиёди корҳои рӯзмарра дар Тоҷикистон бо як тугмаи телефон ҳал хоҳанд шуд. Аз пардохти таваққуфгоҳ ва фармоиши доруву маҳсулот то тамошои филм ва мусобиқаҳои варзишӣ ба воситаи телефон анҷом дода мешавад. Пешрафти технологӣ ногузир аст, гуфт ӯ.

Ба таъкиди ӯ дар роҳ монеаҳо кам нестанд. Релефи кӯҳсор, ҳавои шадидан тағйирёбанда ва ҳатто амалиёти қасдан вайронкорӣ шабакаҳоро осебпазир мекунад.

«Фақат дар ҳафт моҳи соли 2025 ширкат 60 ҳодисаи сӯхтор ва беш аз 390 ҳолати канда шудани хатҳои нахӣ-нуриро бартараф намудааст. Дастгоҳҳои барқӣ ва генераторҳо низ борҳо мавриди дӯздӣ қарор гирифтаанд.

Муштариён бисёр вақт инро намебинанд, зеро трафик ба хатҳои дигар равона мешавад. Аммо мо дар паси парда ҳамеша бо оқибатҳои чунин ҳодисаҳо мубориза мебарем”- гуфт Анатолий Изюмников.

Анатолий Изюмов, таъкид кард, бо вуҷуди ин, ин соҳа босуръат рушд мекунад. Ӯ мегӯяд фақат дар соли 2024 шабакаи 4G-и ширкати “Мегафон Тоҷикистон” бо зиёде аз 100 пойгоҳи нави базавӣ густариш ёфтааст ва онҳо мақсад доштаанд шабкаи 5G-ро бунёд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, то поёни соли 2025 шаҳри Душанбе аввалин минтақаи дорои шабакаи 5G мешавад.

«Дар минтақаҳои дигари кишвар низ 6 пойгоҳи нави насли панҷум бунёд хоҳад шуд. Дар чор соли оянда қариб 200 пойгоҳи 5G дар саросари кишвар насб мегардад. Ин маънои онро дорад, ки интернети гигабитӣ ҳатто ба ноҳияи дурдаст мерасад.

Фаъол шудани 5G ба мардум имкон медиҳад, ки ҳама гуна контентро фавран бор кунанд, дастгоҳҳои сершумор, аз хонаҳои “ҳушманд” то нақлиёти худрав, ба таври боэътимод фалолият кунанд”- гуфт роҳбари ширкат.

Анатолий Изюмов таъкид намуд, ҳукумат низ дастрасии умумиҷаҳонии интернетро мақсади стратегии худ қабул намуда, ширкатҳо бо густариши шабака ва пешниҳоди бастаҳое, ки имкониятҳои бештар медиҳанд, ба ин ҳадаф мусоидат мекунанд.

“Дар Тоҷикистон сохтани шабака осон нест, вале маҳз ҳамин вазифаҳои душвор моро илҳом мебахшанд. Мо ифтихор дорем, ки метавонем ҳар шаҳрванди кишварро, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарин, ба ояндаи рақамӣ пайваст намоем”- гуфт Анатолий Изюмов.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.