Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Муаррифии маконҳои таърихиву сайёҳии пойтахт. Портали DUSHANBE.TRAVEL рӯнамоӣ шуд
3-юми сентябр дар IT Park Dushanbe маросими рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони DUSHANBE.TRAVEL доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки портали сайёҳии шаҳри Душанбе — www.dushanbe-travel.tj бо ҷалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии инфрасохтору имкониятҳои сайёҳии пойтахт, бозтоб додани фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.
Бинобар иттилои масъулин, дар сомонаи www.dushanbe-travel.tj харитаи электронии мавзеъҳо, роликҳои тарғиботӣ, аксҳои маконҳои зебо, маълумот оид ба иншооти сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии шаҳр бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст.
Гуфта шуд, ки саҳифаҳои расмии DUSHANBE.TRAVEL дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, VKontakte, Threads, TikTok ва Telegram фаъол буда, дар онҳо доир ба имконоти сайёҳии Душанбе, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар навигариҳо маълумот нашр мешавад.
Инчунин, дар саҳифаҳои мазкур ҳамарӯза аксҳо ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзеъҳои ҷолиби пойтахт нашр гардида, танҳо дар давоми соли равон беш аз 4100 акс ва 320 навор пахш шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”