Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Озмунҳои «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст гардиданд
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки озмунҳои мазкур дар раванди амалишавии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.
Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» бо мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, тақвияти мақом ва нақши ҳамсарон дар оила ва ҷомеа, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос, масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзанд дар парасторӣ ва нигоҳубини падару модар мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр, Ҷурахонзода Нурхон, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳамчун ҳамсари беҳтарин ва Шоназарова Карина, сокини шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳамчун фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
Натиҷаи озмуни «Ҳамсари беҳтарин»: Ғаниев Наимҷон аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Султонмамадов Парвона - ҷойи дуюм; Азимов Фатҳулло аз шаҳри Ваҳдат, Алиев Далер аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Қурбониён Завқибег аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - ҷойи сеюм; Имодова Қиматпочо аз ноҳияи Рашт - ҷои ифтихорӣ.
Натиҷаи озмуни «Беҳтарин фарзанд»: Ҳасанзода Малика аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Умедҷон Амонӣ аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд - ҷойи дуюм; Қурбонзода Мадина аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Амиров Амирҷон аз ноҳияи Рашт ва Бобоализода Чаманоро аз шаҳри Турсунзода - ҷойи сеюм; Бобоализода Чаманоро аз шаҳри Турсунзода - ҷои ифтихорӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”