Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Душанбе ба Алмаато лаззат мебарад. Маҳсулоти Хатлон ба бозори Қазоқистон меравад
Дар даҳаи сеюми моҳи сентябр, бо дархости Ҷумҳурии Қазоқистон ва супориши Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алмаато намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон доир мешавад.
Бар асоси иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон дар ин намоиш меваҳои тару тоза, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва дигар дастранҷи кишоварзони Хатлон ба бозори Қазоқистон пешниҳод мегардад. Ҳамзамон, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ, аз қабили қанду набот, ҳалво ва кулчаҳои суннатӣ, низ маҳсулоти худро ба тамошо ва харидорон пешкаш мекунанд.
Ин иқдом пайванди навбатӣ дар ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки 16-17-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остона бо ҳидояти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”