Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Як ширкати бузурги чинӣ дар иктишоф ва коркарди конҳои урани Ӯзбекистон ширкат мекунад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи нишасти сарони узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин бо Шэн Янфен, раиси “China National Nuclear Corporation” (CNNC) мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба интиқоли технологияҳои муосир, геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва коркарди захираҳои уран дар ҳудуди Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкориҳо дар самти “энергияи атомии осоишта” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон CNNC яке аз бузургтарин ширкати давлатии Чин дар бахши барномаи атомии шаҳрвандӣ буда, ҳамаи давраҳои коркарди лоиҳаҳо, аз ҷумла иктишоф ва ғанисозии уран, то сохтмони неругоҳи атомӣ дар Чин ва хориҷро иҷро менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 CNNC ва корхонаи давлатии “Навоиуран” –и Ӯзбекистон меморандуми ҳамкории стратегии худ дар соҳаи саноати уранро ба имзо расонида буданд.
Дар соли 2024 Ӯзбекистон бо CNNC имконияти истифодаи реакторҳои хурди модулии атомии Чинро баррасӣ карда буд. Ҳамчунин, масъалаи афзоиши иқтидори истихроҷу коркарди маъдани уран ва истифодаи минбаъдаи он ба ҳайси сӯзишворӣ барои неругоҳи атомӣ матраҳ шуда буд.
Дар моҳи апрели соли 2025 ҳайати агентии “Ӯзатом” бо намояндагони CNNC, Русатом ва Shanghai Electric масъалаи таъмини турбинаҳо ва мутобиқ кардани таҷҳизот барои лоиҳаҳои сохтмонии неругоҳи атомӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ карда буд.
Ба ҷуз ин, моҳи июн хабар дода шуд, ки CNNC роҳбари консорсиуми байналмилалиро барои сохтани неругоҳи дуюми атомӣ дар Қазоқистон бар уҳда мегирад. Дар ҳоле, ки иҷрои лоиҳаи нахустини неругоҳи атомии Қазоқистон ба “Росатом” –и Русия супурда шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”