27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
03.09.2025 10:39

Толибон чӣ гуна барои Осиёи Марказӣ мушкили “буҳрони об”-ро месозанд?

Бунёди калонтарин канали обёрии Қуштеппа, ки аз ҷониби Толибон дар ҳоли иҷро шудан аст, дар ояндаи наздик боиси баҳсҳои дипломатӣ шуда, мушкилоти буҳрони обро дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меоварад.

Канали Қуштеппа, ки ҳоло дар шимоли Афғонистон бунёд мешавад, ба манбаи фазояндаи низоъ дар минтақа табдил шудааст. Давлатҳои Осиёи Марказӣ то ба ҳол роҳи алтернативии муассир барои ин масъаларо пешниҳод карда натавонистанд.

Осиёи Марказӣ яке аз хушкитарин минтақаҳои дунёест, ки мушкилоти норасоии об дар он кайҳо ба як масъалаи ҷиддӣ табдил шудааст. Вазъият пас аз он ки Толибон дар соли 2021 ба қудрат расиданд ва сохтани канали бузургро оғоз намуданд, печидатар шуд. Ин канал қисмати зиёди оби дарёи Омӯро барои обёрии заминҳои кишт ба Афғонистон равона мекунад.

Толибон дар баҳс бо бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ далел пеш оварданд, ки ҳаққи меъёрии Афғонистонро аз дарёи Омӯ мегиранд, ки солҳо аз он истифода намекарданд.  Ин навъи масъалагузории Толибон дар баҳси оби дарёи Омӯ гуфтугӯҳои дипломатиро боз ҳам печидатар кардааст.

Толибон дар равобити байналмилал, бахусус дар масъалаи дипломатияи об амалкарди созанда надоранд. Баҳси обе, ки миёни онҳо ва Эрон вуҷуд дорад, намунаи рӯшани дипломатияи обии Толибон аст. Толибон бо вуҷуди ин ки қарордоди байналмилалӣ вуҷуд дорад, аз додани ҳаққи оби Эрон дар рӯдхонаи Ҳирманд худдорӣ мекунанд. Ба дархостҳои ба такрори мақомоти Эронӣ посухи мусбат надодаанд ва ҳатто гузоришҳо ҳам нашр шуд, ки Толибон оби дарёи Ҳирмандро, барои ҷилавгирӣ аз воридшавӣ ба Эрон, ба сӯи даштҳои регзор равон мекунанд.

Дарёи Омӯ на фақат Афғонистонро, балки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистонро низ обёрӣ мекунад. Ба ҳисоби мутахассисон ин канал солона то 10 километри мукааб обро аз дарё мегирад, ки тақрибан сеяки ҷараёни он аст. Ин ҳолат захираҳои обии кишварҳои ҳамсояро ба таври ҷаддӣ кам мекунад.

Толибон бунёди канали Қуштеппаро яке аз лоиҳаҳои калидии худ меҳисобанд. Аз масири 285 километр қариб нисфаш аллакай канда шудааст. То соли 2028 онҳо мехоҳанд онро пурра ба истифода диҳанд. Идеияи канал ҳанӯз дар солҳои 1970 бо ширкати муҳандисони Шӯравӣ матраҳ шуда буд, аммо ҷангҳо ҳамеша онро ба таъхир андохтанд.

Мақомоти Афғонистон умедворанд, ки канал бахши кишоварзиро эҳё мекунад ва вобастагии кишварро аз кишти кӯкнор кам мекунад. Аммо тарҳи сохтмони канал куҳна аст, деворҳо бетонӣ намешаванд, соҳилҳо мустаҳкам намегарданд, ки сабаби талафоти бузурги об мешавад.

Канали Қуштеппа тавозуни нозуки обиро дар Осиёи Марказӣ халалдор мекунад. Мушкилот то рафт шадидтар мешавад. Аҳолӣ меафзояд, саноат рушд мекунад, инфрасохтори обрасонӣ фарсӯда гаштааст. Тобистони имсол ҳатто дар Тоҷикистон, ки аз ҳама кишвари сероб шумурда мешавад, кам шудани сатҳи оби дарёҳо ба чашм расид.

Дар Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳам парвариши пахта, ки яке аз зироатҳои аз ҳама обталаб мебошад, ҳанӯз идома дорад ва солҳо миллионҳо метри мукааб обро талаф медиҳад. Ин ҳама ба буҳрони минтақавии об суръат мебахшад.

Ҳарчанд кишварҳои минтақа ҳаққи Афғонистонро барои истифодаи оби дарёи Омӯ рад намекунанд, онҳо аз набуди ҳамоҳангӣ ва усулҳои куҳнаи сохтмон нигарон мебошанд. Соли 2023 ҳатто як бахши канал фурӯ рехт ва кӯли сунъии 30 километрӣ ба вуҷуд омад. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ накарданд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, бо Толибон гуфтугӯ кунанд, онҳоро ба ҳамоишҳои минтақавӣ даъват кунанд ва бо умед ба ҳамкориҳои иқтисодӣ сармоягузорӣ мекунанд. Аммо то ҳол мавқеи Кобул тағйир наёфтааст. Онҳо каналро кори дохилии худ медонанд ва ба ҳама суолҳо бо як ҷумла посух медиҳанд: “Ҳама чиз дар дасти Худо аст”.

Агар вазъият ҳамин тавр идома ёбад, буҳрони об метавонад ба яке аз хатарноктарин мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. То ба имрӯз кишварҳои минтақа ба ҷуз аз гуфтугӯ ва умед ба ҳамкорӣ роҳи муссири дигар надоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.