27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
03.09.2025 09:56

Даъвати Си Ҷинпин аз сарони кишварҳо: “Бо “зеҳнияти ҷанги сард ва сиёсати шантаж” бояд муқобила кунем”

Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин дар марсоми ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай “зеҳнияти ҷанги сард” ва “сиёсати шантаж дар муносибатҳои байналмилалӣ”-ро маҳкум кард.

Ӯ зимни суханронӣ таъкид кард: “Дар шароите, ки вазъияти ҷаҳон ҳарчӣ бештар печида ва ноором мешавад, кишварҳои узв бо чолишҳои амниятӣ ва рушд рӯз то рӯз сахттар рӯ ба рӯ мешаванд”.

Ӯ афзуд, ки Чин таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхайро суръат мебахшад ва ваъда дод, ки дар се соли оянда ба кишварҳои узви ин Созмон 1, 4 миллиард доллар қарз ихтисос медиҳад.

Си Ҷинпин ҳамчунин, таъкид кард, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бояд “бо тафаккури ҷанги сард, сиёсати тарсодан ва зӯргӯӣ бар асоси блокҳо муқобила кунанд ва аз низоми байналмилалӣ бо меҳварияти Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят намоянд”.

“Низоми тиҷорати бисёрҷонибаро тақвият диҳанд, аз бисёрқутбӣ шудани баробар ва мунтазам ҳимоят кунанд, ҷаҳонишавии фарогири иқтисодиро пеш баранд ва низоми идоракунии ҷаҳониро одилона ва минтиқитар созанд”- таъкид кард Си Ҷинпин.

Бар асоси гузориши расонаҳо Си Ҷинпин бо маҳкум намудани зеҳнияти ҷанги сард, ба таври ғайримустақим ба сиёсатҳои сахтгиронаи ИМА нисбат ба Чин ва қатъи буҷаи баъзе аз ниҳодҳои вобаста ба СММ аз сӯи Вашингтон ишора намуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон Чин қасд дорад, аз нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси абзоре барои пешниҳоди алтернатива ба низоми ҷаҳонии таҳти роҳбарии ИМА истифода кунад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.