Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Носири Хусрав шинос шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии маъмурӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат кард. Дар ин хусус, хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Сарвазири кишвар дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Носири Хусрав гуфт, ки масъулон бояд вазифаҳои худро софдилона иҷро намуда, барои ободӣ ва пешрафти Ватану миллат содиқона хизмат кунанд.
Дар доираи сафар Қоҳир Расулзода ҳамчунин, аз раванди корҳои сохтмонӣ дар истгоҳи насоси мелиораативии Бешкент дар деҳаи Лаби Ҳавзи ҷамоти деҳоти Тахти Хусрав боздид кард. Ин иншоот соли 1982 ба истифода дода шуда, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар масоҳати зиёда аз 6, 4 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳияро таъмин мекунад. Айни ҳол фақат яке аз панҷ дастгоҳи насосии он фаъол мебошад.
Бар асоси иттилои Маркази татбиқи лоиҳаи “Омодасозии заминҳои водии Данғара” барои барқарор намудани иншоот озмун эълон шуда, корҳои барқарорсозиро ширкати “Умед-1” иҷро мекунад. Ин ширкат бинои асосиро таъмир намуда, бахше аз таҷҳизотро барқарор ва қисматҳои нави техникӣ дар берун аз истгоҳ насб кардааст. Ба ноҳия се дастгоҳи нави насосӣ интиқол дода шудааст, ки дар рӯзҳои наздик васл мегарданд.
Қоҳир Расулзода ба сохторҳои масъул дастур дод, ки фаъолияти мунтазами истгоҳ ва таъмини саривақтии оби обёриро ба заминҳои кишоварзӣ таъмин намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”