Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ”. Мавзӯъҳои меҳвари мулоқоти дуҷонибаи Тоҷикистон ва ҶМЧ
Мулоқоти дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин 2 сентябр дар шаҳри Пекин миёни сарони ду кишвар баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳми худро мегузорад.
Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад. Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологӣ (Data center), таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ аз самтҳои дигари ҳамкории стратегӣ номида шуд. Ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика низ аз масъалаҳои авлавиятнок буд.
Тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид. Рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника ва сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Таъкид гардид, ки дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳар ду кишвар мавқеъи ҳамсон доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”