27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
02.09.2025 09:45

Туркия бандарҳо ва фазои ҳавоии худро ба рӯи Исроил баст

Ҳокон Фидон, Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки кишвараш бандарҳо ва фазои ҳавоии худро ба рӯи киштиҳо ва ҳавопаймоҳои Исроил бастааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркия дар ҷараёни суханронӣ дар парлумони Туркия чунин таъкид кард: “Мо бандарҳои худро ба рӯи киштиҳои исроилӣ баста, иҷоза намедиҳем, ки киштиҳои туркӣ ба бандарҳои Исроил раванд. Ҳамчунин, киштишҳои боркаши дорои силоҳ ва муҳимот барои Исроил ба бандарҳои мо роҳ нахоҳанд ёфт ва ҳавопаймоҳои онҳо низ ҳаққи убур аз фазои ҳавоии Туркияро надоранд”.

Чанде қабл Ҳокон Фидон аз қатъи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва сиёсӣ бо Исроил хабар дода буд. Муносибатҳои ду кишвар аз замони оғози ҷанги Исроил бар зидди Ҳамос дар Ғазза ба таниш рӯ ба рӯ шудааст. Анқара Исроилро ба қатли омм дар Ғазза муттаҳам карда, аз моҳи майи соли гузашта тамоми робитаҳои тиҷоратиро бо ин кишвар қатъ кардааст.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи ноябри соли гузашта Туркия иҷозаи убури ҳавопаймои Президенти Исроилро надод ва ӯ маҷбур шуд, сафараш ба конфронси иқлимии Озарбойҷонро бекор кунад. Ҳамчунин, моҳи майи соли ҷорӣ Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил баъд аз рад шудани иҷозаи парвоз аз сӯи Анқара сафар ба Бокуи Озарбойҷонро лағв кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.