27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
02.09.2025 08:33

18,8 миллион сомонӣ. Маблағгузорӣ барои ғизои мактабӣ 60 фоиз афзудааст

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 барои ғизои мактабӣ маблағгузорӣ ба 18,8 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 60% зиёд аст. Ин нукта дар семинари миллӣ оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ зиёда аз 36 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 94 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 40 муассиса дар вилояти Хатлон, 24 муассиса дар вилояти Суғд, 8 муассиса дар ВМКБ,  15 муассиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 7 муассиса дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки аз соли 2022 маблағгузории буҷетӣ барои ғизои мактабӣ пайваста афзоиш меёбад. Соли 2024 зиёда аз 11,6 миллион сомонӣ барои таъмини 25 ҳазор хонанда дар 55 муассисаи таълимӣ ҷудо гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғиҳои мактабӣ як қатор санадҳои стратегӣ, аз ҷумла, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ то соли 2027 ва Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027-ро қабул намудааст.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.