Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ. Шиносоӣ бо китобҳои нодир ва посух гирифтан ба саволҳои бешумор
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-ум ва 5-уми сентябри соли равон дарҳои боз баргузор мегардад.
Тибқи иттилои шуъбаи матбуоти Китобхонаи миллӣ, дар рӯзҳои дарҳои боз роҳбаладон меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир ва осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”, толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда шинос намуда, ба саволҳояшон посух медиҳанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи ммиллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобдорони собиқадори муассисаро ба Китобхона даъват мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду рӯз давом карда, аз соати 09:00 оғоз мегардад. Даромад озод аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”