27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
01.09.2025 16:54

Моди дар мулоқот бо Путин: “Тамоми ҷаҳон поёни ҷанги Украинаро мехоҳад”

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон дар мулоқоти дуҷонибаи худ бо Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе аз талошҳои ахир барои ҳалли низои Украина истиқбол намуда, таъкид кард, ки тамоми инсоният поёни ҷанг ва барқарории сулҳу суботро мехоҳад.

Ӯ, ҳамчунин, аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки “бо руҳияи созанда” роҳи ҳалли низоъро идома диҳанд.

“Мо аз тамоми талошҳои ахир дар самти ҳалли низоъ истиқбол мекунем. Умедворем, ки тамоми ҷонибҳои зиддахл бо руҳияи созанда қадамҳои минбаъдаро хоҳанд гузошт. Мо бояд ҳарчӣ зудтар роҳи поёни низоъро пайдо кунем, то субот ва сулҳи минтақавӣ барқарор гардад. Ин фараёди тамоми инсоният аст”- зикр кард Нарендра Моди.

Баъди мулоқот бо Путин сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар шабакаи “Х” навишт: “Мулоқоти олӣ бо Президент Путин дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянҷин анҷом додем”.

Нарендра Моди афзуд, ки ҷонибҳо роҳҳои “густариши ҳамкории дуҷониба дар тамоми соҳаҳо”, аз ҷумла тиҷорат, нуриҳо, ҳифзи муҳити зист, амният ва фарҳангро баррасӣ карданд.

“Мо ҳамчунин, назари худро дар хусуси масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳи сулҳомези ҳалли низои Украина мубодила кардем. Шарикии стратегии махсус ва имтиёзноки мо сутуни муҳимми суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ боқӣ мемонад”- афзуд сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди

Қабл аз мулоқот ду роҳбар ба толори баргузории мулоқоти дуҷониба бо як мошин омадаанд.

Путин дар ҷараёни суханронии худ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай таъкид кард, ки саҳми Ҳиндустон ва дигар шарикони стратегӣ дар мусоидат ба ҳалли низои Украина хеле арзишманд аст.

“Мо кӯшиш ва пешниҳодҳои Чин, Ҳиндустон ва дигар шарикони стратегии худро, ки барои мусоидат ба ҳаллу фасли буҳрони Украина равон шудаанд, хеле арзишманд мешуморем”- зикр кард Владимир Путин.

Сарвари Русия ёдовар шуд, ки “созишномаҳо”-е, ки ӯ бо Президенти Амрико Доналд Трамп дар як нишасти моҳи август ба даст овард, роҳи сулҳ дар Украинаро боз кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.