27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
01.09.2025 16:09

Фоҷеаи қаҳтии Ғазза аз дурбини расонаҳои ғарбӣ: “Мардум ба ҷойи ғизо алаф мехӯранд”

Расонаҳои ғарабӣ ба ин воқеият пай бурдаанд, ки вазъ дар Ғазза тоқатфарсо шудааст ва дар сурати идома ёфтан қатли омм бар асари гуруснагӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст.

Расонаҳои ғарбӣ қаблан одат доштанд ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистро дар Ғазза ё нодида гиранд ё сафед кунанд, вале дар моҳҳои ахир маҷбур шуданд, ки бахше аз ин воқеиятҳоро бозтоб диҳанд. Дар ҳамин робита шабакаи “Ал-Ҷазира” дар мақолае ба баррасии бозтоби эъломи қаҳтии Ғазза дар расонаҳои ҷаҳонӣ пардохтааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии ғизо ва созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Женева баёнияи муштарак нашр карданд, ки дар он таъкид шудааст, беш аз ним миллион нафар дар Ғазза аз қаҳтӣ ранҷ мебаранд.

Пешбинӣ мешавад, ки тақрибан як севуми аҳолии Ғазза ба шароити фоҷеабор рӯ ба рӯ шаванд ва эҳтимол аст шумори афроде, ки дар вазъияти фавқулода қарор мегиранд, ба беш аз як миллион нафар расад.

Фоҷеаи даҳшатбори қаҳтӣ дар Ғазза

Рӯзномаи англисии “Экономист” дар гузориши худ навишт, ки вазъияти башарӣ ва беҳдоштӣ дар Ғазза дар моҳҳои ахир ба суръат рӯ ба таназзул оварда ва беш аз 100 фаластинӣ дар вақти кӯшиши расидан ба нуқтаҳои тақсими озуқа ё дар навбат истодан барои гирифтани ғизо ба шаҳодат расидаанд.

Ин рӯзнома ёдовар шуд, ки беш аз як севуми аҳолии Ғазза рӯзҳоро бе ғизо сипарӣ мекунанд: калонсолон ғизо намехӯранд ва тақрибан 20 ҳазор кӯдак аз моҳи апрели гузашта, бо сабаби камғизоии шадид дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

“Ню-Йорк таймс” ва сукути марговари Амрико

Рӯзномаи “Ню-Йорк тайсм” дар гузориши худ сукути Амрикоро дар қиболи эъломи қаҳтӣ дар Ғазза барҷаста сохт, ки хашми бисёре аз кишварҳои аврупоиро барангехт. Ин рӯзнома ишора намуд, ки сукути Иёлоти Муттаҳида таваҷҷуҳи густурдаеро ба худ ҷалб кардааст, зеро ин кишвар ҳомии асосии Исроил буда ва ҳукумати Доналд Трамп ҳамоно ба муттаҳиди худ Исроил пул ва силоҳ мерасонад.

Рӯзнома афзуд, таҳлилгарон ба ин боваранд, ки адами фишори Амрико боис шудааст Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил аз идомаи ҷанг мутмаин шавад ва дар пиёда намудани сиёсатҳои худ ҷасуртар амал намояд. Маҷаллаи амрикоии “Нюсвик” низ навишт, ки эъломи қаҳтӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ камназир аст ва хатарҳои бузурги башариро дар пай дорад, ки фишори байналмилалӣ бар Исроилро афзун мекунад ва ҳам мардум ва ҳам сиёсатмадоронро ба поёни ҷанг ва иҷозаи убури кумакҳо водор месозад.

“Вашингтон пост”: Исроил ҳақиқатро инкор мекунад

Рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” навишт, ки режими саҳюнистӣ вуҷуди қаҳтӣ дар Ғаззаро рад намуда, посухи ҳафт саҳифагӣ додааст, ки  гузориши СММ “ғаразолуд ва бар асоси сарчашмаҳои беэътимод” натиҷагирӣ шудааст.

Ин рӯзнома афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ин иддаоҳоро рад намуда, афзуд, ки усули методологии гузориш бар асоси меъёрҳои дақиқи байналмилалӣ таҳия шуда ва аз ҷониби таҳлилгарони мустақил мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Беки Райан, мудири Шурои робитаҳои исломӣ-амрикоӣ дар Ғазза ҳушдор дод, ки сатҳи норасоии ғизо дар миёни занону кӯдакон дар тӯли чанд ҳафта аз 19% ба 40% афзоиш ёфтааст ва ин дар ҳолест, ки захираҳои дорувории Ғазза рӯ ба анҷом аст.

Ривояти “Уолл-стрит журнал” аз қаҳтӣ ва оворагӣ

Аҳмад Ҷудда, падари ду фарзанд аз ғарби Ғазза, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “ Уолл-стрит журнал” афзуд, ки беш аз 7 бор дар тӯли ҷанг овора шуда ва маҷбур аст дубора хонаашро тарк кунад.

Самаҳр Абуҳусайра бо 5 фарзандаш дар хаймае миёни харобаҳои хонааш зиндагӣ мекунад ва ба “Уолл-стрит журнал” гуфт, ки ширхорааш бо сабаби норасоии ғизо шири кофӣ намегирад ва фарзанди дигараш низ бар асари камғизоӣ зери муолиҷа аст.

“Таймс”-и Британия. Гуруснагӣ - қотили хомӯш дар Ғазза

Рӯзномаи “Таймс”-и Британия ба нақл аз яке аз сокинони Ғазза навишт, ки ӯ ҳама чизашро фурӯхт ва фақат деворҳои хона боқӣ мондаанд. Ӯ афзуд, “медонем, ки илова бар марг бо бомбаборон, марг аз гуруснагӣ низ интизори мост”. Ӯ гуфт, ки даҳҳо нафар дар рӯзҳои ахир бар асари норасоии ғизо ҷон бохтаанд.

“Гардиан”. Оворагӣ ва беморӣ балои ҷони мардуми Ғазза

Рӯзномаи “Гардиан” ба нақл аз Амҷад Аш-Шавво, раиси шабакаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ғазза навишт, ки мардум тамоми рӯз худро нотавон, хаста, фарсӯда ва бемор эҳсос мекунанд.

Риҳом Карим, ки бо ҳамсар ва 10 фарзандаш дар хайма зиндагӣ дорад, гуфт, ки ғизои оилааш бо андак панир ё намаку нон маҳдуд мешавад ва дастрасӣ ба ғизои гарм надорад. Ӯ афзуд, ки ҳамсараш хеле бемор аст ва қодир ба кор нест.

Расонаи англисӣ. Об ва алаф ба ҷои ғизо

Тибқи гузориши вебсайти англисии “Ай пейпер” қаҳтӣ ба кормадони муассисаҳои башардӯстона дар минтақа низ густариш ёфтааст. Фотин, яке аз кормадони башардӯстона бо бунёди вифоқи инсонӣ дар Ғазза, ба ин сомона гуфт, ки се рӯз аст, хӯроки воқеӣ нахӯрдааст.

Ӯ афзуд: “Ман хастаам, сарчархӣ дорам ва метарсам, ки фарзандонам бемор шаванд. Ҳар рӯз гиря мекунам. Ин нахустин бор аст, ки орзу мекунам, кош фарзанд намедоштам. Дидани марги оҳиста-оҳистаи онҳо тоқатфарсо аст”.

Ин сомона ба нақл аз доктор Рид Ал-Бобо, ки дар беморхонаи “Ал-Оуда” фаъолият дорад, навишт, ки модарон бо сабаби камбудии шадиди захираҳои озӯқа, оби лӯбиё ва алафҳоро ба ҷойи шири қоқ ба кӯдаконашон медиҳанд, дар ҳоле ки истеъмоли ин мавод метавонад боиси исҳол, заҳролӯдӣ, камхунӣ, таъхир дар рушд ва ҳатто нотавонӣ дар ҳаракат гардад.

Самаҳ Водӣ, мутахассиси ғизо дар Даайр Ал-Белаҳ ба “айп Пейперо гуфт: “Ҳама аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд ва гуруснагӣ ягона чизест, ки ба он меандешем”. Ӯ шарҳ дод, ки кӯдакон, занони ҳомила ва модарони ширдеҳ бештар дар маърази хатар мебошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.