27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
01.09.2025 12:01

Тавони амалиётӣ, низомӣ ва логистикии Неруҳои мусаллаҳи Эрон афзоиш ёфтааст

Дар пайи таҳдидҳо дар хусуси оғоз шудани ҷанги дубора миёни Эрон ва Исроил Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Неруҳои мусаллаҳи Эрон қавитар шудаанд.

Ризо Тилоинек, сухангӯи Вазорати дифоъ ба пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки баъд аз Ҷанги 12-рӯза сатҳи омодагии амалиётӣ, низомӣ ва логистикии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон назар ба замони гузашта афзоиш ёфтааст.

Ӯ, ки дар маросими гиромидошти кушташудаҳои ҷанги Исроил сухан мегӯяд, афзуд, ҳарчанд дар ҷанги ахир ба бахшҳои низомии Эрон осебҳо расид, аммо таҷрибаҳои бадастомада боиси афзоиши қобилияти дифоӣ ва амниятии кишвар шуд.

Ризо Тилоинек афзуд, ки ҳоло 60 фоизи силоҳу таҷҳизот ва муҳимоти неруҳои мусаллаҳ дар дохил ва асосан, ба воситаи бахши хусусӣ ва ширкатҳои донишбунёд истеҳсол мегардад, ки ин нишон аз худкифоӣ ва коҳиши вобастагии хориҷа дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Эрон Ризо Тилоинек имрӯз Эрон дар самти қудрати мушакӣ дар қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Ӯ вуҷуди роҳбари мудаббир, ҷонбозиҳои неруҳои мусаллаҳ, талоши давлат ва ваҳдати мардумро омилҳои аслии пирӯзӣ дар Ҷанги 12-рӯза донист.

Ӯ афзуд, ки бар асоси таҳқиқот 60 фоизи афкори умумии кишварҳои ҷаҳон Эронро пирӯзи ҷанг ва режими саҳюнистро шикастхӯрда арзёбӣ мекунанд.

Сухангӯи Вазорати дифои Эрон гуфт, ки амният ва дифоъ имрӯз аз хусусияти “сифати нарм” бархӯрдор аст ва Эрон дар ҷанги ахир тавонист бо ҳимояти ҳаррӯзаи Вазорати дифоъ ба неруҳои мусаллаҳ ва боиси шикасти руҳии душман гардад. Ба гуфтаи ӯ, мақсади режими саҳюнистӣ аз ин ҳамла заиф сохтани Эрон ва водор намудани кишвар ба таслим буд, ки натиҷа надод.

Бино ба иттилои Ризо Тилоинек бар асоси иттилои мавҷуд 50 ҳазор нафар шаҳрвандон дар сарзаминҳои ишғолшуда (Исроил) талаби ҷуброни хисороти Ҷанги 12 –рӯза кардаанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ низ нафрати ҷаҳонӣ бар зидди ин режим бештар гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.