27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
01.09.2025 10:20

Модӣ дар авҷи низоъ бо Амрико. Деҳлӣ ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин содиқ мемонад

Дар ҳоле, ки ихтилофоти тиҷоратӣ бо Вашингтон авҷ гирифтаанд, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ рӯзи якшанбе дар мулоқот бо Президенти Чин Си Ҷинпин гуфт, ки Деҳлӣ ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин содиқ мемонад.

Ин мулоқот дар шаҳри Тянҷини Чин маҳз дар замоне, ки Вашингтон ба воридоти Ҳиндустон 50 фоиз боҷи иловагӣ ҷорӣ кардааст, доир шуд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин қадамҳои Амрико баъд аз хариди нафти Русия аз ҷониби Ҳиндустон роҳандозӣ шудааст.

Нарендра Модӣ баъд аз 7 соли танаффус ба Чин рафт, то дар нишасти дурӯзаи Созмони ҳамкории Шанхай ширкат кунад. Ин нишаст, ки ба гуфтаи нозирон рамзи ҳабастагии ҷаҳони ҷанубӣ ҳисобида мешавад, бо ҳузури Владимир Путин ва роҳбарони Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқи Осиё баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар изҳороте таъкид кард, ки Нарендра Модӣ дар мулоқот бо Си Ҷинпин гуфт: “Ҳинд ва Чин роҳи мустақили стратегии худро пайгирӣ мекунанд ва муносибатҳои ду кишвар набояд аз нигоҳи кишвари сеюм арзёбӣ шаванд”.

Ҳамзамон роҳбарони ду қудрат дар хусуси афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва бархӯрд бо таҳдидҳое чун терроризм табодули назар намуданд.

Ба назари бисёре аз коршиносон Нарендра Модӣ ва Си Ҷинпин бо чунин мавқеъгирӣ қасд доранд нишон диҳанд, ки Пекин ва Деҳлӣ омодаанд дар муқобили фишорҳои рӯзафзуни Ғарб як ҷабҳаи муттаҳидро ба намоиш гузоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.