Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Заминларзаи хунин дар Афғонистон: 19 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд
Дар натиҷаи заминларзаи шашбала, ки шаби якшанбе дар шарқи Афғонистон рух дод, 19 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Бар асоси иттилои аввалини расонаҳои афғонистонӣ заминларза дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар талафоти ҷонӣ ва осебҳои ҷиддӣ дар пай доштааст.
Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор мегӯянд, ки фақат дар ин вилоят 9 нафар ҷон бохта ва 15 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Дар Кунар бошад ҳадди аққал 10 нафар ба ҳалокат расида ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Баъзе манобеи дигар шумори кушташудагонро 9 нафар ва захмиёнро 25 нафар эълон карда буданд.
Маркази таҳқиқоти илмҳои заминшиносии Олмон хабар дод, ки заминларза соати 23:47 ба вақти маҳаллӣ, дар наздикии марзи Афғонистон ва Покистон рӯй додааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати муваққат бо тасдиқи талафоти ҷонӣ ва молӣ гуфт, гурӯҳҳои наҷот аз марказ ва вилоятҳои ҳамсоя ба минтақаҳои осебдида ирсол шудаанд.
Дафтари раиси вилояти Нангарҳор иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Дараи Нур ду кӯдак ҷони худро аз даст дода ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Аз вилоятҳои Кунар ва Лоғар низ аз талафот хабар дода мешавад ва расонаҳо навиштанд, ки шуморе аз донишҷӯёни хобгоҳҳои Кунар низ осеб дидаанд.
Ҳанӯз омори дақиқи расмӣ дар хусуси ҳаҷми харобӣ ва талафоти умумӣ дар шарқи кишвар эълон нашудааст. Бо ин вуҷуд, Рейтерз ба нақл аз мақомоти ҳукуматӣ хабар додааст, ки эҳтимоли афзоиши талафот ва марги садҳо нафар низ вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”