Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Салом, мактаб! Дар кишвар 250 ҳазор нафар нахустин бор ба мактаб мераванд
Имрӯз, 1-уми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ соли нави таҳсил оғоз шуд.
Тибқи иттилои дастрас, дар соли таҳсили 2025-2026 дар кишвар зиёда аз 250 ҳазор нафар нахустин маротиба ба мактаб мераванд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар макотиби миёнаи кишвар беш аз 2,3 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 131 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
30-юми август Презиленти кишвар дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иброз доштанд, ки соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.
Дар умум, тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”