Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Олими эронӣ: “Толибон дар Афғонистон забони форсиро тазъиф мекунанд”
Дар пайи фишор ва маҳдудиятҳои зиёде, ки Толибон дар робита ба мақоми корбурдии забони форсӣ дар Афғонистон эҷод кардааст, донишмандони эронӣ бо эътироз ин иқдомҳоро амали фарҳангистезона маънидод мекунанд.
Яке аз донишмандони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ Алиакбар Хониёнӣ мегӯяд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон забони форсиро канор мегузорад ва онро ба Эрон нисбат медиҳад. Ӯ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки ин забонро ҳифз ва густариш диҳанд.
Алиакбар Хониёнӣ, профессори забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Бирҷанд дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди он ки миллионҳо нафар дар Афғонистон ба форсӣ суҳбат мекунанд, дар ҳукумати Толибон бо дидгоҳҳои маҳдудкунандаи сиёсӣ ва мазҳабӣ забонро “моли Эрон” мешуморанд ва дар талоши канор гузоштани он мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, “дастовардҳои забони форсӣ ба Афғонистон ҳамчунон тааллуқ доранд ва наметавонанд бо қарори сиёсӣ аз миён раванд”. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон дар муқобили ин раванд фаъолона амал мекунад. Масалан тақдими нусхаи зиёди “Шоҳнома” ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин мисол мешаванд.
Алиакбар Хониёнӣ афзуд, ки илми эроншиносӣ бояд бештар ба таҳқиқоти шарқи Эрон такя кунад, зеро кишварҳои бонуфузи таърихӣ, аз ҷумла Саффориён ва Сомониён, аз ин минтақа бархоста ва нақши муҳимми эҳёи Истиқлол ва забони форсиро доранд. Ӯ илова кард, ки кишварҳои дигар низ, аз ҷумла Ҳинд, Покистон ва Банлгадеш барои муддати тӯлонӣ бо Эрон робитаҳои забониву фарҳангӣ доштаанд: “Форсӣ садсолаҳо забони расмии онҳо буд ва имрӯз ҳам дар Ҳинд яке аз забонҳои классикӣ ба шумор меравад”.
Дар ин ҳамоиши илмӣ, ки дар Теҳрон доир гардид, ҷойгоҳ ва мақоми забони форсӣ таҳлилу баррасӣ шуд. Дар ин ҳамоиш аз 10 кишвар олимону донишмандон ширкат намуданд. 150 мақола пешниҳод шуд, ки 120-тои он барои чоп пазируфта шуд. Масъулони ҳамоиш гуфтаанд, ки ин мақолаҳо мавзуъҳои фарогир, аз ҷумла адабиёт ва таърих, география ва сиёсатро дар бар мегиранд.
Яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар ҳамоиш арзёбии шахсияти Мавлавӣ буд. Алиакбар Хониёнӣ дар ин робита гуфт, ки “Мавлавӣ на моликияти як кишвар, балки мероси фарҳангии минтақа аст. Туркия ӯро шахсияти миллии худ муаррифӣ мекунад, вале Мавлавӣ ба ҳамаи ҷаҳони форсизабон тааллуқ дорад”.
Ӯ илова кард, ки талоши баъзе аз кишварҳо барои нисбат додани чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ ба худ, бештар ангезаҳои сиёсӣ дорад: “Туркия фақат сад сол таърихи давлати мустақил дорад, аммо Эрон ҳазорсолаҳо боз ҳувияти қавӣ дорад”.
Алиакбар Хониёнӣ афзуд, ки эроншиносӣ фақат бахше аз адабиёт нест, балки пажӯҳиши байнисоҳавиро фаро мегирад: “Забон ва адабиёти форсӣ меҳвари он аст, вале таърих, фарҳанг, мардумшиносӣ, сиёсат ва иқтисод низ дар ин самт нақш доранд”.
Ӯ гуфт, ки бояд донишгоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ бештар ҳимоят шаванд, зеро вуҷуд надоштани сармоягузорӣ ба рушди эроншиносӣ монеъ мешавад: “Мо бояд ин мероси муштаракро ҳамчун сармояи фарҳангӣ ва сиёсӣ нигоҳ дорем. Ҳатто муносибатҳои иқтисодиву амниятӣ дар минтақа метавонад бар заминаи ҳамин фарҳанг шакл гирад”.
Алиакбар Хониёнӣ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон тавсия медиҳад, ки аз иқдомҳои сиёсӣ барои маҳдуд кардани забони форсӣ худдорӣ кунанд ва ба ҷои он ба истифодаи он ба ҳайси омили ҳамгироии фарҳангӣ назар кунанд. Ӯ гуфт, ки истифодаи дуруст аз ин мероси муштарак метавонад на фақат ба фарҳанг, балки ба иқтисод ва амният низ кумак кунад.
“Ҳамкориҳои муштарак, мисли сохтани бозорҳои муштарак ё корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақа метавонад масъалаҳои муҳоҷират ва сарчашмаҳои обро низ ҳал кунад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”