Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лағви визаи Урдун. Ӯзбекистониҳо бе виза метавонанд ба Урдун сафар кунанд
Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд аз 25-уми сентябр бе гирифтани виза ба Урдун сафар намуда, то 30 рӯз дар ин кишвар зиндагӣ кунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.
Бар асоси иттилои расмӣ созишномаи лағви низоми раводид миёни ду кишвар рӯзи 26-уми август ба имзо расид ва бар асоси он шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд дар муддати як моҳ бидуни раводид ба Урдун иқомат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми август Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибни ал –Ҳусайн мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни гуфтугӯ ҷонибҳо оид ба роҳандозии парвозҳои мустақим, бекор кардани низоми раводид, имзои Созишномаи истирдод, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг, тиҷорат ва маориф ба созиш расиданд. Дар анҷоми мулоқот як қатор санадҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”