Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Ҳиндустон шикаст хурд
Шоми 29-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар доираи даври якуми мусобиқаи “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025») тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ҳиндустон рақобат кард.
Вохӯрии мазкур бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.
Дар бозӣ зарбаи 11-метра ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон таъин гардид, вале Рустам Соиров онро ба ҳадаф расонида натавонист.
Шикасти тими миллӣ аз мунтахаби Ҳиндустон мавҷи шикоятҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Бархеҳо навиштанд, ки бояд сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе иваз карда шаваду бархеи дигар айбро ба гардани футболбозон ҳавола карданд.
Барои муқоиса мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 104-ум қарор дорад, тими миллии Ҳиндустон бошад, дар мавқеи 133-юм аст.
Дар пеш мунтахаби кишварро ду бозии дигар 1-уми сентябр бо тими миллии Афғонистон ва 4-уми сентябр бо тими миллии Эрон интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон доир мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”