Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия иқдоми се кишвари аврупоӣ бар зидди Эронро шадидан маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия иқдоми се кишвари аврупоӣ оид ба фаъол намудани таҳримҳо бар зидди Эронро сахт маҳкум намуда, онро бидуни асоси ҳуқуқӣ арзёбӣ кард. Дар изҳороти ин ниҳоди Русия зикр мешавад, ки чунин иқдом метавонад боиси паёмадҳои ҷуброннопазир гардад.
Дар изҳорот зикр мешавад, ки барои фаъол намудани “маханизми моша” бар зидди Эрон аз ҷониби се кишвари аврупоӣ ҳич асоси ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.
“Мо аз се кишвари аврупоӣ даъват мекунем, ки қабл аз ба вуҷуд омадани паёмадҳои ҷиддӣ ва баргаштнопазир иқдоми худро бозбинӣ кунанд” – зикр шудааст дар изҳорот.
Ҳамчунин, дар изҳороти ин ниҳоди Русия зикр мешавад, равиши интихоб намудаи кишварҳои аврупоӣ нисбат ба Теҳрон оянда надорад ва фақат талошҳои созанда барои идомаи гуфтугӯҳои атомиро заиф месозад. Ба гуфтаи ин ниҳод, афзалият бояд ба эҳёи гуфтугӯи мутақобилан судманд барои пешгирӣ ва буҳрони нав дар робита ба масъалаи атомии Эрон дода шавад.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфта буд, ки масъалаи Барномаи атомии Эрон дар марҳилаи ҳассос қарор дорад ва бояд бо роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл гардад. Пекин афзуд, ки эҳёи таҳримҳо бар зидди Эрон дар Шурои амнияти СММ иқдоми ғайрисозанда аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”