27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
29.08.2025 16:32

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» киҳо метавонанд иштирок кунанд?

Бо Амри Президенти мамлакам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад.

Дар шарҳи Амри Президенти кишвар гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Иттилоъ дода мешавад, ки озмуни мазкур дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳқиқот анҷом додаанд ё рисолаҳои илмӣ навишта ҳимоя кардаанд, доир мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз чор давр иборат буда, даври якум – моҳи марти соли 2026 ва даври чорум, яъне даври ниҳоӣ нимаи якуми моҳи декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор ва ҷамъбаст мегардад.

Сарпарасти озмун Сарвари давлат буда, барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.